Имрӯз дар меҳмонхонаи “Crowne Plaza Dushanbe”…

Имрӯз дар меҳмонхонаи “Crowne Plaza Dushanbe” чорабинии муаррифӣ ва баррасии пешниҳодҳои Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» (AMAL) баргузор гардид.

Чорабинӣ бо ибтикори Маркази татбиқи лоиҳаҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маркази татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, намояндагони вазорату идораҳо, шарикони рушд, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист дар он иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш масъалаҳои вобаста ба рушди устувори чорводорӣ, беҳтар намудани дастрасии истеҳсолкунандагон ба бозорҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, истифодаи технологияҳои муосир ва ҷалби маблағгузории сабз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бино ба иттилои ташкилкунандагон, чорабинии мазкур то 7 октябри соли 2026 идома ёфта, дар доираи он машваратҳо, муҳокимаҳо ва ҷаласаҳои корӣ баргузор карда мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE