Дар нимсолаи якуми соли 2026 рушди иқтисоди миллӣ 8,2 фоизро ташкил дод
Дар нимсолаи якуми соли 2026 рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 8,2 фоиз расида, ҳаҷми он 81,7 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, рушди иқтисоди миллӣ асосан аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, гардиши савдо, хизматрасонӣ, сармоягузорӣ, ҳамчунин боркашонӣ ва мусофиркашонӣ таъмин гардидааст.
Ҳамзамон, дар моҳҳои январ-июни соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил дода, асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ, ғайриозуқаворӣ ва хизматрасонӣ ташаккул ёфтааст.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе

