21 август ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…
21 август ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор лоиҳаи муҳим, ки ба рушди инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод равона шудаанд, муаррифӣ гардид.
Ҳамчунин, дар доираи тадбирҳои дастгирии иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Каримзода Манучеҳр ба 4 ятими кулл, 2 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 1 варзишгар хонаҳои истиқоматии дуҳуҷрагӣ тақдим гардид.
Ин 4 ятим аз ҷониби хонаводаи Бобо Каримзода ба фарзандӣ қабул шудаанд. Ин оила тасмим гирифтаанд, ки онҳоро бо ҷойи истиқомат, таҳсилу касбомӯзӣ таъмин намуда, оиладорашон кунанд ва ба ҳаёти мустақиллона омода созанд. Ин иқдоми хайрхоҳона намунаи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмиву ғамхорӣ ба шаҳрвандон арзёбӣ мегардад.
Татбиқи чунин лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва иқдомҳои созандаву хайрхоҳона дар ноҳияи Файзобод бозгӯи саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди инфрасохтор, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа буда, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

