ДОНИСТАН ХУБ АСТ !..

#ДОНИСТАН ХУБ АСТ !
“Пиряхи Федченко”— яке аз бузургтарин пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон буда, дар қаторкӯҳҳои Помир, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст. Он аз бузургтарин пиряхҳои водигии минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Маълумоти асосӣ:
– Макон:кӯҳҳои Помир, Тоҷикистон.
– Дарозӣ:тақрибан 77 километр.
– Масоҳат:тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон — 651,7 километри мураббаъ.
– Ҳаҷми ях:тақрибан 93,6 километри мукааб.
– Паҳноӣ:аз 1,7 то 3,1 километр.
– Ғафсии ях:дар қисматҳои миёна то 1000 метр.
– Баландии қисми болоӣ:тақрибан 6280 метр аз сатҳи баҳр.
– Баландии забонаи поёнӣ:тақрибан 2900 метр аз сатҳи баҳр.

Аҳамияти табиӣ:Оби обшавии пиряхи Федченко ба низоми дарёҳои минтақа ворид шуда, дар таъмини захираҳои обии Осиёи Марказӣ саҳм мегузорад. Ин пирях яке аз объектҳои муҳими омӯзиши тағйирёбии иқлим ва захираҳои обӣ мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE