7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…

7 сентябр дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таҳти унвони “Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ” баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиши илмӣ дар баробари олимону муҳаққиқони ватанӣ, инчунин зиёда аз 230 меҳмон аз 27 кишвари дунё ширкат доранд.

Ҳамоиши илмии “Тоҷикистони соҳибистиқлол-пайвандгари тамаддуни ориёӣ”-ро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, суханро ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати ҷашни фархундаи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, меҳмонон – донишмандон, олимон, аҳли ҳунар, аъзои фаъоли Анҷумани “Пайванд”-ро ба Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – хонаи умеди тамоми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон хайрамақдам гуфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Анҷумани байналмилалии Пайванд падидаи беназири даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки тайи ин солҳо ба майдони паҳновари ҳамоиши тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил ёфт.

#ЭмомалӣРаҳмон#ЭмомалиРахмон#EmomaliRahmon#Тоҷикистон#Таджикистан#Tajikistan#Президент#President#Тоҷикон#Истиқлол#Независимость#Independence#Пайванд#Payvand#پیوند

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE