Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон»
Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора ҳамкорамон Султонализода Ёқубҷон иттилоъ медиҳад.
Дар кори озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддин, роҳбарони ширкатҳову корхонаҳои дохиливу хориҷӣ, ташкилоту идораҳо, соҳибкорон ва дигар шахсон иштирок карданд.
Озмуни мазкур соли чорум аст, ки аз ҷониби Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд баргузор карда мешавад.
Ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» бо мақсади дарёфти содироткунандаи боэътимод, рушди содирот, тақвияти истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда, дуруст ва дақиқ муайян кардани содироткунандагони боэътимод ва дурнамои иқтидорҳои содиротии онҳо мебошад.
Султонализода Ёқубҷон

