Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Бозиҳои Делфӣ…
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи «Бозиҳои Делфӣ — воситаи самарабахши дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди индустрияҳои эҷодӣ ва сайёҳии рӯйдодӣ дар кишварҳои ИДМ» баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, аҳли фарҳанг ва ҷавонони соҳибистеъдод аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои фарҳангӣ ва тавсеаи сайёҳии рӯйдодиро баррасӣ карданд.
Зикр гардид, ки Бозиҳои Делфӣ ҳамчун майдони муаррифии қобилиятҳои эҷодии ҷавонон барои таҳкими ҳамкории фарҳангӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва рушди иқтисодиёти эҷодӣ нақши муҳим доранд.
Иштирокчиёни конференсия доир ба роҳҳои ҷалби бештари ҷавонон ба фаъолияти эҷодӣ, истифодаи имкониятҳои фарҳангӣ барои рушди сайёҳӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ табодули афкор намуданд.

