Рӯзи дуюм аст, ки дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»…

Рӯзи дуюм аст, ки дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардида истодааст.
Озмун ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Дар даври аввали озмун аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 751 нафар ва аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 1328 нафар иштирок намуданд. Дар маҷмӯъ, 216 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» аз 5 то 12 октябри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Салмон Султонзода
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE