БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТИИ БА НОМИ АБУЛҚОСИМИ ФИРДАВСӢ…
#ДОНИСТАН ХУБ АСТ !
БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТИИ БА НОМИ АБУЛҚОСИМИ ФИРДАВСӢ
“Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”яке аз мавзеъҳои сабзу хуррам ва маконҳои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.
Боғ соли 1973 бо номи «Дӯстии халқҳо» таъсис ёфтааст. Моҳи сентябри соли 2018 баъди корҳои навсозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта, ба номи шоири бузурги адабиёти форсу тоҷик Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ гузошта шуд.
Масоҳати умумии боғ тақрибан “30 гектар”буда, дар ҳудуди он майсазор, гулгаштҳо, фаввораҳо, роҳравҳои обод, майдончаҳои варзишӣ ва иншооти фароғатӣ ҷойгир шудаанд.
Дар боғ инчунин амфитеатри замонавӣ бо “1574 ҷойи нишаст”бунёд гардидааст, ки барои баргузории чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ истифода мешавад.
Имрӯз боғи мазкур яке аз маконҳои муҳими истироҳату сайругашт ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар пойтахт мебошад.

