Дар Душанбе конференсияи байналмилалии AICONF-2026 оғоз гардид…

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 ба кори худ оғоз намуд.
Дар конференсия тақрибан 200 намоянда аз беш аз 20 давлати ҷаҳон, аз ҷумла намояндагони мақомоти давлатӣ, ширкатҳои пешрафтаи технологӣ, созмонҳои байналмилалӣ, сармоягузорон ва муҳаққиқон иштирок доранд. Дар миёни иштирокчиён намояндагони ширкатҳои бонуфузи технологӣ, аз ҷумла OpenAI, NVIDIA ва Revolut низ ҳузур доранд.
Ҳадафи асосии конференсия баррасии дурнамои рушди зеҳни сунъӣ, имкониятҳои татбиқи он дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE