ДАР ДУШАНБЕ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД…

ДАР ДУШАНБЕ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА 32-СОЛАГИИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами рушди давлатдории миллии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳон» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар конфронс олимону муҳаққиқон, коршиносон ва намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуда, масъалаҳои мубрами рушди давлатдории миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъсири равандҳои ҷаҳони муосирро ба вазъи сиёсиву иҷтимоии минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуданд.

Сипас, конфронс бо сухани ифтитоҳии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода оғоз гардид. Зимни суханронӣ ӯ ба аҳамияти Конститутсия дар ташаккули низоми давлатдорӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлат ва таъмини рушди устувори ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE