Номаи шод

Имрӯз 91 сол мешавад, ки Радиои Тоҷикистон бо мавҷи баландпарвоз шунавандаи худро чун оҳанрабо ҷонибаш мекашад. Ин рӯзҳо ҳар як корманди ин даргоҳи муқаддас, ин минбари волои сухан бо дили саршор аз самимияту ифтихор мегӯяд: “Ту барои ман азизӣ, эй Радиои Тоҷикистон, зеро ба шарофати мавҷи баландпарвозат миллионҳо шунавандаҳо моро мешунаванду мешиносанду эҳтиром мекунанд. 91 – солагиат муборак бод! Дӯстат дорам!”

Радиои Тоҷикистон тайи 91 соли фаъолият оинаи рӯзгори мардум буд, рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишварро бо камоли масъулиятшиносӣ инъикос намуд, дар партави сиёсати инсонпарваронаи Давлату Ҳукумат дар боло бурдани маънавиёти ҷомеа, тақвияти эҳсоси муқаддаси худшиносии миллию ватандорӣ саҳми арзишманд гузошт.

91 сол боз аз ин минбари муқаддас андарзи ҷовидонии бузургони гузаштаамон садо медиҳад, адибони тавоноямон бо осори гаронмояаашон дар ғановати олами ботинии мардум талош меварзанд.

9 1 сол боз аз мавҷҳои ин боргоҳи таблиғи фарҳанги мусиқӣ овози ҳунармандони номдори гузаштаамон ҳамрадифи овози санъаткорони имрӯзаи мо ба гӯши миллионҳо одамон мерасад, ба рӯзгору фароғаташон ҳусне дигар мебахшад. 91-сол боз аз ин махзани савту наво оҳанги худогоҳиву худшиносии миллӣ болу пар мекушояд ва дар қалбҳо оташи меҳру муҳаббат ба якдигар эътимод ва ба ояндаи дурахшони Ватани маҳбуб меафрӯзад.

Имрӯз Радиои Тоҷикистон як расонаи муқтадири умумимиллист, ки тавассути 4-шабака (“Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Овози тоҷик” ва “Фарҳанг”) дар як шабонарӯз бо 8-забон дар ҳаҷми 96 соат барнома пахш мекунад. Ин дастгоҳи давонои идеологии Давлат тайи 30-соли Истиқлолият аз лиҳози сатҳу сифати пахш, доманаи мавзӯъот, жанр, ороишу банду басти барномаҳо, шаклу шеваи нигориш хеле пешрафт ва дар фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳи муносибихудро пайдо намуд. Бо заҳматҳои Раёсати Кумита, рӯзноманигорони пуртаҷрибаю навҷӯ, ровиёну наттоқони ширинкалом, коргардонҳои бомаҳорату муназзимони овоз Радиои Тоҷикистон имрӯз дар хонадони ҳар ҳамватан танинандоз аст.

91 соли пурборат муборак, эй Радиои Тоҷикистони азиз!

Аз идора: Аз номи ҳайати эҷодиву техникии Шабакаи мустақиму сартосарии “Садои Душанбе” кулли заҳматкашони ин расонаи муқтадиру овозадор, модари кулли радиоҳои кишвар – Радиои Тоҷикистонро ба ифтихори қадам гузоштан ба 91 – умин солгарди таъсисаш шодбош гуфта, ба онҳо, пеш аз ҳама, сиҳатӣ, хушии рӯзгор ва садои хастанопазирро орзу менамоем.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE