M-Favik рэпсаро, вайнер ва блогери тоҷик ӯ кист?

Рэпсарои маъруфи кишвар, ки ҳамакнун дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва месенҷерҳо бо тахаллуси M-Favik наворҳои ҷолибро паҳн мекунад, номи пурраи асли ӯ Сафаров Фаридун Абдуқодирович мебошад. Фаридун  3-уми ноябри соли 1999 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯро дар ҷомеа бештар ҳамчун рэпсаро, вайнер ва блогери тоҷик мешиносанд.  Фаридун Сафаров ва ё худ M-Favik соли 2006 ба мактаби №59-и ноҳияи Рӯдакӣ ба синфи якум қабул шуда, дар соли 2017 онро хатм намудааст. Фаъолияти худро ҳамчун рэпсаро сар аз соли 2015 оғоз кардаву то ин дам ин пайроҳаро идома дода истодааст. Маҳз таваҷҷӯҳ кардани ҷомеа ба наворҳои ӯ, Фаридунро ҳамчун рэпсаро ва блогер маъруф кард. Бештар бо тахаллуси M-Favik ӯ шинохта мебошад. Аввалин репи худро Фаридун Сафаров соли 2015 эҷод кардааст. Ҳамчун  блогер бошад сар аз соли 2017 фаъолияташро идома дода истодааст. Истеъдоди рэпсароии ӯро ҳанӯз аз овони мактабхонӣ фаро гирифта буд. Аммо аз кӯдакӣ дар дил орзӯи ҳунарманд шуданро мекард. Чун саҳначаҳои ҳаҷвие, ки дар чорабиниҳои фарҳангии мактаб роҳандозӣ мегардид ӯ бевосита иштирок ва нақши асосиро мебозид. Шавқу рағбаташ бештар ба ҳаҷв мебошад. Ин имкон дод то ӯ ҳамчун блогер имрӯз ҳаҷви кӯчагиро дар ҷомеа паҳн кунад. Дар омода кардани рэп ва наворҳои блогери ӯ бештар бо ҳайате, ҳамкорон ва дӯстонаш, ки рэпро омода мекунанд такя мекунад. Фаридун худаш низ борҳо зимни суҳбат иброз доштааст ,ки рэпро аз ҳунармандони амрикоӣ дида омӯхта ва онро барои доираи обуначиёнаш писанд мувофиқ карда, пешниҳод менамояд. Маҳорату малакааш дар ҷодаи офаридани рэпҳои ҷолиб миёни ҷавонон ӯро ҳамчун фристайлери сол дар рэп соли 2018, кашфи сол да рэп соли 2018, ду маротибаи дигар солҳои 2019 ва 2020 гардонидааст.Аз ин миён ҷоизаи беҳтарини ӯ ин «Блогери сол-2022», бар асоси назарпурсии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj мебошад.  Фаридун Сафаров ва ё M-Favik соли 2019 оиладор шуда, соҳиби 2 фарзанд, духтарчаҳои дӯстрӯяк мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE