Деваштич. Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид

18 июли соли ҷорӣ бахшида ба ҷашни фархунда 32 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Деваштич фестивал — озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2023» баргузор гардид. Дар ин бора аз Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Деваштич хабар доданд.

Дар он тибқи Низомномаи озмун аз рӯи 12 номгӯи бахшҳо ҳунарҳои миллӣ, анъанаҳои миллии ниёгон, либосҳои миллӣ ва ҳаваскорони санъат намоиш дода шуданд.

Мақсад аз баргузории фестивал-озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 32- соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани он бояд тамоми муассисаву ташкилот, идораву корхонаҳо, инчунин ашхоси алоҳида саҳм гузоранд.

Дар ҷамъбасти Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб — 2033» аз ҷониби комиссияи тадорукоти озмун ва намояндагони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол тибқи номинатсияҳо Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE