Барселона имконияти каҳрамоншавиашро пас аз Эл – Класико камтар кард
Дар доираи даври 30-юми мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол дидори дастаҳои «Реал Мадрид» – у «Барселона» сурат гирифт. Дидори ин дастаҳо хеле шадиду пурҳаяҷон сурат гирифта, бо ғалабаи дастаи шоҳӣ ба анҷом расид. Дар рақобатҳои дигар дастаҳои «Валенсия» – ву «Реал Соседад» ва «Атлетико» – ву «Бетис» имтиёзҳояшонро миёни ҳам тақсим намуданд.
Дидори марказии даври 30-юми мусобиқаи қаҳрамонии Испания бешак рақобати дастаҳои «Реали Мадрид» – у «Барселона» ба шумор мерафт. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Эстадио Алфредо ди Стефано доир гардида, бо пирӯзии тими мизбон ҷамбаст гардид. Нимаи аввали бозӣ бо бартарии комили дастаи шоҳӣ сурат гирифт. Нахуст, дар дақиқаи 13-ум Карим Бензема пешсафии дастпарварони Зайниддин Зиданро таъмин намуд. То анҷоми нимаи аввал Тони Кроос низ ба задани гол даст ёфта, ҳисобро ба 2 бар 0 баробар кард.
Дар нимаи дуюм каталониҳо каме ба худ омада, тавонистанд якчанд ҳамлаи нишонрасе ҷониби дарвозаи Тибо Куртуа анҷом диҳанд. Танҳо дар дақиқаи 60-ум ҳимоятгари тими «Барселона» Мингеса ба рахна кардани дарвозаи мизбон даст ёфта ҳисобро тағир дод. Вале дигар ҳамлаҳои футболбозони меҳмон бенатиҷа хотмма ёфта, дидор бо натиҷаи 2:1 бар нафъи дастаи “Реал” ҷамбаст гардид.
Сармураббии “Барселона” – Роналд Куман пас аз ин вохурӣ аз қарори доварони бозӣ изҳори норозигӣ намуда, қайд кардааст, ки дар ҳолати афтидани Брейтуэйт пас аз бархӯрд бо Менди пеналти таъин кардан лозим буд ва аз чор дақиқаи иловашуда довар дувуним дақиқаи онро барои таъмири хати алоқааш сарф кард. Дақиқ пеналти буд. Аммо моро зарур аст, ки ин навбат низ бо ҳодисаи рӯйдода таслим шавем ва хомӯширо ихтиёр кунем. -гуфтааст Куман. Пас аз ин дидор дастаи “Реал” мавқеашро дар зинаи дуюми ҷадвал бо касби 66 имтиёз мустаҳкамтар намуд. “Барселона” бошад, бо 65 холи доштааш мақоми сеюмро касб мекунад.
Дастаи пешсафи Ла Лига “Атлетико Мадрид” бошад ин навбат дар сафар бот ими Бетис вориди майдони рақобат шуда, имтиёзҳояшро бо ин даста тақсим намуд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи Бенито Вилямарин сурат гирифта бо натиҷаи 1:1 хотима ёфт. Муаллифи голи дастаи мадридӣ Караско ва аз дастаи “Бетис” Телё гардид. “Ателтико” ҳамакнун танҳо бо бартарии як имтиёз аз дастаи шоҳӣ садрнишини ҷадвал аст. “Бетис” бошад бо 47 хол шомили шашгонаи аввали ҷадвали мусобиқа мебошад. Дар ин даври рақобатҳои мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол дастаҳои “Осасуна” бар “Виляреал”, “Гранада” бар “Валядолид”, “Уеска” бар “Элче”, “Кадис” бар “Хетафе” ва “Леванте” бар “Эйбар” пирӯз омаданд. Дидори дастаҳои “Валенсия” – ву “Реал Соседад” ва “Атлетик” – у “Алавес” бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст шуданд.
Мижгон РАҲМОНЗОДА,
«Садои Душанбе»