Паҳлавонони тоҷик дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо ширкат мекунанд

10-12-уми ноябр дар шаҳри Еревани Арманистон Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо доир мегардад.

Барои ширкат дар ин мусобиқаи муҳими сол варзишгарон аз 65 давлат дархост додаанд. Тибқи қарори Федератсияи байналмилалии самбо, варзишгарони Беларус, Русия, Фаронса ва паноҳандагон дар ҳайати тими бетараф сабқат мекунанд.

Ситоди мураббиёни Федератсияи самбои Тоҷикистон, тими мунтахабро барои ширкат дар Чемпионат тасдиқ кард. Ба ҳайати тим дар самбои варзишӣ Акмалиддин Каримов (-58кг), Хушқадам Хусравов (-64кг), Деваштич Убайдӣ (-79кг), Зафар Олимшоев (-88кг), Бахтовар Замиров (-98) ва дар самбои размӣ Бобохон Мирзозода (-58кг), Сорбон Латипов (-64кг), Худоёр Раҷабов (-71кг), Сарвар Ҳотамбекзода (-88кг) шомиланд.

Рақобатҳо дар 21 категорияи вазн сурат мегиранд: занон – 50кг, 54кг, 59кг, 65кг, 72кг, 80кг, +80кг; мардҳо ва самбои размӣ – 58кг, 64кг, 71кг, 79кг, 88кг, 98кг, +98кг.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE