Душанбе: 30 ширкати беҳтарини кишвар маҳсулоташонро ба намоиш-фурӯш бароварданд

Аз  6 то 9 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» бо ташаббуси Оҷонсии рекламавии “Тайрон” намоиш-фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ баргузор мегардад. Намоиш-фурӯши мазкур дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон — 2021» шурӯъ аз имрӯз оғоз гардид.

Дар намоиш номгӯи зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ, молҳо барои хона, маҳсулоти қаннодӣ, навъҳои ҳасиб, нӯшокӣ, маҳсулоти ширӣ, ороишӣ, кимиёӣ-маишӣ манзури  харидорон гардонида шуданд.  Дар намоиш-фурӯши мазкур истеҳсолкунандагон моли худро бо нархи яклухт ва аз нархи бозорҳо пасттар пешниҳоди ҳамагон мегардонанд. Меҳмонон ва сокинони пойтахт имкон доранд, ки дар баробари шиносоӣ бо намудҳои гуногуни маҳсулот, ҳамчунин онҳоро бо нархи арзон харидорӣ намоянд.

Муовини Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода зимни ифтитоҳи намоиш-фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ зикр намуд,  ки «имрӯз дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ширкати беҳтарини мамлакат  маҳсулоти худро дар намоиш-фурӯши мазкур пешниҳоди харидорон намуданд. Баргузории чунин ярмаркаҳо имконияти хубест барои ҳам ширкатҳо ва ҳам мизоҷон, зеро ба воситаи он ширкатҳои ватанӣ маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро бештар муаррифӣ мекунанд ва сокинон бо нархи арзон  дилхоҳ маҳсулоти заруриашонро дастрас менамоянд».

Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Насимҷон Анваров   дар намоиш-фурӯши мазкур иброз намуд, ки дар  мамлакат  тамғаи писандида зиёд буда, молу маҳсулоти дилхоҳ ширкатро аз рӯи тамғааш мешиносанд. “Имрӯз ки намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» баргузор гардида истодааст,  бо ин роҳ сокинон муайян мекунанд, ки молу маҳсулоти кадом ширкат беҳтар мебошад”,-иброз дошт Насимҷон Анваров.

Намояндаи комбинати «Шири Душанбе» Усмон Имомов дар суҳбат бо мо баён дошт, ки  «дар намоиш-фурӯши мазкур 86 навъи маҳсулоти ширӣ, ки комбинати «Шири Душанбе» истеҳсол менамояд, пешниҳоди харидорон гардонида шуд. Мо пайваста кӯшиш менамоем, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаамонро чӣ дар ярмаркаҳо ва чӣ дар бозору мағозаҳо бо нархи арзон дастраси харидорон намоем».

Намояндаи ширкати маҳсулоти қаннодии «Ширин» Парвина Сайфуллоева зикр кард, ки дар ширкаташон зиёда аз 50 намуди қандҳо истеҳсол мегарданд ва имрӯз 30 навъи онро пешкаши харидорон намудаанд. «Маҳсулоти ширкатамонро дар бисёр давлатҳои хориҷи мамлакат ба намоиш -фурӯш гузошта будем, ки таваҷҷуҳи хориҷиёнро ба худ ҷалб намуданд, зеро шириниҳое, ки аз ҷониби ширкати мо истеҳсол мешаванд, дар аксари онҳо хушкмеваҳою донаҳои хушки ватанӣ истифода шудаанд, ки ин тамъи қанду шоколадҳоро болаззаттар мегардонад»,-гуфт Парвина Сайфуллоева.

Ёдовар мешавем, ки аз  6 то 9 май дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш—фурӯши молҳои истеҳсоли ватанӣ дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон — 2021» ҷараён гирифта, маҳсулоти беҳтарин ширкатҳо аз ҷониби сокинон баҳогузорӣ мегарданд. Маросими супоридани ҷоизаҳо ба ТОП -30 ширкати Тоҷикистон  21 май сурат мегирад.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE