Имрӯз дастаҳои «Равшан» бо «Хатлон» ва «Истаравшан» бо «Хуҷанд» рақобат мекунанд

Имрӯз дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври  шашуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз  ёфта, то 9 майи соли равон идома меёбанд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз 30 апрел то 1 май бозиҳои даври  панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор гардиданд.  Дар ин давр дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  дар майдони худ ба дарвозаи дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  4 голи беҷавоб зад. Ғалабаи дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро дар ин бозии ҷолиб   Дилшод Бозоров, Далер Ёдгоров, Нозим Бобоҷонов ва Тоҳир Малодӯстов таъмин намуданд.

Бозӣ миёни дастаҳои  футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  – КМВА-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби  мусовии 1:1  анҷом ёфт. Суннатулло Исмоилов дар дақиқаи 67 бохтариҳоро ба пеш баровард, вале Комрони Мирзохон аз дастаи артиш баъди 6 дақиқа ҳисобро баробар кард. Дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе дар як бозии пуршиддат бар дастаи  футболи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд. Бозингари дастаи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб Алишер Эргашев дар дақиқаи 12-ум тӯбро вориди дарвозаи дастааш карда, ҳисобро кушод. Кӯлобиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Муҳаммад Ризомов дар дақиқаи 29 ва Аваз Қамчинов дар дақиқаи 51 ба пеш баромаданд, вале ҳисобро нигоҳ дошта натавонистанд. Бозингарони  дастаи  футболи  «Душанбе» Иззатулло Рӯзиев ду гол, Амир Манеш як гол зада, пирӯзии дастаи  футболи  «Душанбе»-и шаҳри Душанберо таъмин намуданд. Ниҳоят, дар бозии охирини даври панҷум  дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар сафар бар дастаи нави Лигаи олӣ – «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд бо ҳисоби  2:3 ғолиб омад. Голҳои дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшанро дар ин бозии ҷолиб Ҷаҳонгир Сафаров, Отабек Каримов, Фирӯз Раҳматов, голҳои дастаи  «Эсхата»-ро Акобир Тураев ва Мубинҷон Муъминов заданд.

Ҳамин тариқ, пас аз натиҷагирии панҷ даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа дастаи фуболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 10 хол пешсаф аст. Дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳашт хол дар ҷои дуюм, дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо 7 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 6-ум

 6 май  (Панҷшабе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Равшан» – «Хатлон»

«Истаравшан» – «Хуҷанд»

8 май (Шанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Кӯктош» – «Душанбе»

9 май (Якшанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Истиқлол» – КМВА «Помир»  

«Файзканд» – «Эсхата»

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 5-ум

30 апрел (панҷшанбе)

 «Хуҷанд» – «Кӯктош»

Голҳо: Дилшод Бозоров, 41 (1:0). Далер Ёдгоров, 68 (2:0). Нозим Бобоҷонов, 90+2 (3:0). Тоҳир Малодустов, 90+3 (4:0).

Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». Хуҷанд

«Хатлон» – КМВА-1:1

Голҳо: Сунатулло Исмоилов, 67 (1:0). Комрони Мирзохон, 74 (1:1)

Варзишгоҳи «Пахтакор». Бохтар

1 май (шанбе)

«Эсхата» – «Истаравшан» – 2:3

Голҳо: Акобир Тураев, 23 (1:0). Ҷаҳонгир Сафаров, 36 (1:1). Мубинҷон Муминов, 59 (2:1). Отабек Каримов, 76 (2:2). Фирӯз Раҳматов, 90+1 (2:3).

 Варзишгоҳи «Пахтакор». Хуҷанд

 «Душанбе» – «Равшан» – 4:2

Голҳо: Алишер Эргашев, 13   (0:1). Муҳаммад Ризомов, 29 (1:1). Аваз  Қамчинов, 51 (1:2). Изатулло Рузиев, 66 (2:2). Амир Мемари Манеш, 75 (3:2). Изатулло Рузиев, 87   (4:2).

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

ҶОЙ  ДАСТАҲО Б      Ғ     М     Б     Т     Т     ФТ    Х     
1. «ХУҶАНД» (ХУҶАНД)                                         5      3     1 1 11 3 +8 10
2. «ФАЙЗКАНД» (ВОСЕЪ) 4 2 2 0 4 1 +3 8
3. «ИСТАРАВШАН»  (ИСТАРАВШАН) 4 2 1 1 4 3 +1 7
4. «ДУШАНБЕ»  (ДУШАНБЕ) 4 2 0 2 7 9 -2 6
5. «КӮКТОШ» (РӮДАКИ) 4 2 0 2 4 8 -4 6
6. «ЭСХАТА» (ХУҶАНД) 5 1 2 2 8 8 0 5
7. «РАВШАН» (КӮЛОБ) 5 1 2 2 4 6 -2 5
8. КМВА (ДУШАНБЕ) 5 1 1 3 5 8 -3 4
9. «ХАТЛОН»(БОХТАР) 4 0 3 1 3 4 -1 3
10. «ИСТИҚЛОЛ»  (ДУШАНБЕ) 0 0 0 0 0 0 0 0

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE