16 май дар Тоҷикистон Дави миллӣ баргузор мегардад

Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 16 майи соли 2021, соати 8:00 дар ҷумҳурӣ Дави миллӣ баргузор мегардад.

Тавре  ки аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Тоҷикистон Рӯзи Дави миллӣ баргузор шуда, мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад.

Маросими ифтитоҳи  Дави миллӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз шуда, иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар саросари мамлакат Дави миллӣ доир карда мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE