Дар Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастаи занона таъсис ёфт

Клуби марказии варзишии Артиши (КМВА) Вазорати мудофиаи Тоҷикистон расман аз таъсиси дастаи занона хабар дод. Дар ин хусус аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфти масъулини Клуби марказии варзишии Артиши (КМВА), ин танҳо густариши клуб нест, балки як қадами пеш  ба сӯи имкониятҳои баробар, пирӯзиҳои нав ва орзуҳои бузург аст.

Аз имрӯз рангҳои сурху сиёҳро бо ифтихор на танҳо мардон, балки духтарон низ ҳимоя мекунанд — қавӣ, тез, пурҳадаф ва омодаи мубориза то ҳуштаки ниҳоӣ.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE