БА ДИҚҚАТИ МУСОФИРОН! Аз нархи баланди чиптаҳои ҳавопаймо ба Агентии авиатсияи гражданӣ шикоят баред

Тавре имрӯз хабар додем, ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия – «Сибирь», «Уральские авиалинии» ва «Ямал» бо мактубҳои расмӣ ба дархостҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии худро баён намуда, ҳамзамон зикр намуданд, ки минбаъд нархи чиптаи ҳавопаймоиро ба самтҳои гуногуни Федератсияи Россия на беш аз 500 доллари ИМА ба фурӯш мебароранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маъмурияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ, кӯшишҳои шабонарӯзӣ ба харҷ дода мешавад.

Азҷумла, барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, мусофирони кишварамон ва таъмини онҳо бо чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо нархи дастрас, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои мушаххас дода шуд.

Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия дархост намуд, ки нархҳои чипта дар доираи арзиши аслӣ танзим карда шуда, арзиши чипта поён фароварда шавад. Дар ин асос, ширкатҳои ҳавопаймоии Федератсияи Россия — “Сибирь”, “Уральские авиалинии” ва “Ямал” бо мактубҳои расмӣ ба дархостҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии худро баён намуда, ҳамзамон  зикр намуданд, ки минбаъд нархи чиптаи ҳавопаймоиро ба самтҳои гуногуни Федератсияи Россия на беш аз 500 доллари ИМА ба фурӯш мебароранд.

Вобаста ба ин, хоҳишмандон ва шаҳрвандони кишварамон метавонанд ба нуқтаҳои чиптафурӯшӣ муроҷиат намуда, аз ин ширкатҳои номбурда, бо нархи муқарраргардида чипта харидорӣ намоянд.

Дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои беасос боло бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ аз ҷониби нуқтаҳои фуруши чипта, аз арзиши муқарраргардидаи болозикр, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои боварии Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 236-53-34 муроҷиат намоянд.

Инчунин, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми харидорӣ намудани чиптаи ҳавопаймоӣ ҳатман расиди он (чек) талаб карда шавад ва дар сурати пешниҳод накардани расид чипта харидорӣ накунанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE