Россия маҳдудият барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сабук намуд: ба киҳо иҷозаи вуруд дода мешавад?
Россия маҳдудияти убури марз барои шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистонро коҳиш дод. Фармони дахлдор, ки дар сомонаи расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, марбут ба убури марзҳои хушкигарди Россия мебошад. Ин санадро Сарвазири Россия Михаил Мишустин 18 майи соли равон имзо кардааст.
Ҳамин тариқ, рӯйхати шахсоне, ки дар Россия хешованд доранд, васеъ шуда, ба онҳо иҷозати ворид шудан ба қаламрави Россия дода шуд. Акнун шаҳрвандони дигар кишварҳо, агар онҳо ба назди ҳамсарашон, волидайн-падару модар, фарзандон, бародарон, бобоҳо, бибиҳо, наберагон, фарзандхондагон, инчунин падархондагон ва писархондагони шаҳрвандони Россия раванд, ҳуқуқи аз сарҳад гузаштанро доранд. Қаблан танҳо ҳамсарон, волидайн, фарзандон, падархондагон ва писархондагони шаҳрвандони Федератсияи Россия метавонистанд ба Россия ворид шаванд.
Тағйирот ба фармонҳои 635-р ва 763-р Ҳукумати Федератсияи Россия вуруди хориҷиёнро ба Россия ба танзим медароранд. Ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия дар пасманзари маҳдудияти мавҷудаи COVID-19 қабул карда шуданд. Бояд зикр кард, ки ҳангоми убури сарҳади давлатӣ шумо бояд нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дараҷаи хешутаборӣ ё муқаррар намудани васоят (парасторӣ) пешниҳод кунед. Шаҳрвандоне, ки иҷозатномаи истиқомат дар хориҷаро доранд ё донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, метавонанд марзро чандин маротиба убур кунанд. Ин ба шахсоне низ дахл дорад, ки дар қаламрави дигар давлатҳо кор мекунанд.