Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш озмуни «Ҷавонон ва 30 соли истиқлол»-ро эълон кард
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавонон ва 30 соли истиқлол» Озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин эълон менамояд. Озмуни мақолаи беҳтарин дар ду давр баргузор шуда, то арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъбаст мегардад.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат иттилоъ доданд, озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, равнақи зиракии сиёсии ҷавонон ва пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуби иҷтимоӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Мақолаҳои пешниҳодшуда бояд фарогири мавзӯъҳои дастоварди ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби иҷтимоӣ, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу гурӯҳҳои тундраву даҳшатафкан, гаравидан ба фарҳанги миллатҳои ғайр ва тақлиди бемаврид ба либосҳои Шарқу Ғарб бошанд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Довталабон метавонанд шакли чопӣ ва электронии мақолаҳои худро то 20 июни соли 2021, соати 17:00 ба унвони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯчаи Спортивная 6, утоқи 21 ё ба суроғаи электронии: zarnigorrajabova@gmail.com равон намоянд.