Озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» ҳунармандонро дар Суғд ба ҳам меорад

Охири моҳи майи соли равон  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар вилояти Суғд озмуни «Мисгарӣ ва оҳангарӣ» гузаронида хоҳад шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои Кумитаи тадорукот, озмуни вилоятӣ дар ду давр доир  шуда, даври дуюми он охири моҳи май сурат мегирад. Иштирок дар озмун маҳдуд набуда, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон метавонанд бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ дар он иштирок намоянд.

Ғолибони даври вилоятӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат мегиранд. Ҳамзамон шахсоне, ки ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд, бо мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 3000 сомонӣ, 2000 ҳазор сомонӣ ва 1000 сомонӣ қадршиносӣ карда мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE