Кӯмаки ДДСТД ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони №1-и пойтахт
Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мегардад, ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ намудани қишри ниёзманди аҳолӣ ба аёдати тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони №1-и синни томактабии шаҳри Душанбе омаданд.
Аз ҷониби Раёсати донишкада ба кӯдакони хонаи бачагон шириниҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, инчунин барои онҳо барномаи ҷолиби фарҳангию фароғатӣ пешниҳод карда шуд. Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон чунин анъанаро – боздид аз хонаи кӯдакон ва расонидани ёрӣ ба онҳоро зарфи 8 сол аст, ки идома медиҳад.