Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини  сохторҳои марбутаи шаҳр, соҳаи кор бо ҷавонон, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ ва волидайни даъватшудагон иштирок намуданд.  Нахуст Абдурахмон Абдурахмонзода – муовини раиси шаҳри Душанбе ҳамоишро оғоз намуда, ҳозирин аз ҷумла даъватшавандахо ва падару модари онҳоро аз номи  муҳтарам Рустами Эмомалӣ- раиси шаҳри ДушДар шаҳри Душанбе ҳамоиши даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардиданбе  ба рӯзи таъватшаванда табрику таҳният намуда, хизмат дар сафи артиши миллиро барои ҳар як ҷавонписар мактаби мардонагӣ ва мояи ифтихору сарбаландӣ арзёбӣ намуд.

Сипас  Эмомалӣ Собирзода – муовини вазири муофиаи кишвар –  сардори ситоди генералии Қуввахои Мусаллахи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадаш гуфт, ки таҳти раёсати бе воситаи Сарфармондехи олии Куввахои мусллах – генерали артиш мухтарам Эмомали Рахмон ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам овардани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ карда мешавад. Ҳамин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ аз шаҳри Душанбе садхо нафар  ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.

 Дар идомаи хамоиши Рӯзи даъватшаванда дигар намояндагони сохторхои давлати низ бо маърузахо баромад намуданд. Ба даъватшудагоне, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ низ тақдим гардид.. Барои иштирокдорони ҳамоиш машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ намоиш дода шуда,  тибқи анъана бо ҳузури навдаъватшудагон маросими «Нонгазон» доир гардид. Чанде аз волидайни навдаъватшавандагон таъсуроташонро аз ин руз чунин баён доштанд:

 Ба маълумоти Камисариятхои харбии чор нохияхои шахри Душанбе имруз дар ин хамоиш хамон даъвтшавандахое хузур доранд, ки аз муоинаи тибби гузашта чисману рухан солим ва барои адои хизмат дар саффхои артиши милии хамачониба омодаги гирифтаанд. Таваччух намоед ба андешахои чанде аз сарбозони ояндаи ватан:

Дар қисмати фарҳангии Рӯзи даъватшаванда дар пойтахти мамлакат шахри Душанбе аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ ва намоиши театрӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд, ки ба ин чорабиниии мухими сиёсӣ як шукуху таровати дигар зам намуд.

Т. Сатторов,

“Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE