Душанбе:  Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист мусобиқаи волосипедронӣ баргузор мешавад

           Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист, 5 июн дар пойтахти кишварамон марафони велосипедронӣ баргузор мешавад. Марафони велосипедронӣ таҳти шиори “Велосипед тарафдори табиат” баргузор карда мешавад, ки муҳиммияти истифодаи ин намуди нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозаро нишон медиҳад.
             Иштирокчиёни марафони велосипедронӣ аз соати 8:00 субҳ (бақайдгирӣ соати 07:00) аз Наврӯзгоҳи пойтахт ҳаракатро оғоз намуда, то роҳи ҳалқавии Товус (роҳи бетонӣ) ҳаракат намуда, баргашта ба Наврӯзгоҳ ба марра (финиш) мерасанд. Бинобар ин, хоҳишмандонро барои ширкат намудан дар ин чорабинӣ лозим меояд, ки пешакӣ ба тартиби сабти ном гузаштан, ки як соат пеш аз оғоз кушода мешавад, ҳозир шаванд.
             Дар озмун якчанд номинатсия пешбинӣ шудааст, ки он имконият медиҳад, ҳама хоҳишмандон иштирок намоянд, аз ҷумла велосипедронҳои касбӣ, ҳавасмандон, паралимпиадачиён ва наврасон. Ҳамаи ғолибони мусобиқаро мукофотҳои хотиравӣ ва пулӣ (сертификати харид) интизоранд.
             Чорабинӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Инчунин сарпарастии ин чорабиниро ширкати «Tcell», «Сиёма», Федератсияи велосипедронҳои Тоҷикистон ва Шарики иттилоотӣ – Азия-Плюс ба уҳда гирифтааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE