Дӯстии тоҷику узбек зинда бод!
Аз қадимулайём дар Осиёи Марказӣ миллатҳои зиёд дар канори ҳамдигар зиндагонӣ кардаанд. Дар байни миллатҳои гуногун ду миллат: тоҷик ва узбек аз дигарон фарқ мекунанд. Ин ду миллатро ба ғайр аз забон дигар урфу одат, маданият, таом ва симои зоҳирӣ як мебошад. Хешу таборӣ дар байни ин ду халқ нисбат ба ҳамаи миллатҳо зиёд мебошад.
Дар Тоҷикистон узбекон ва дар Узбекистон тоҷикони зиёд аҳлона умр ба сар мебаранд. Имрӯз бо шарофати сиёсати оқилона ва халқпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев хешу ақрабо ба дидори якдигар расиданд ва ҳамаи мушкилиҳо аз байн рафт.
Сафари расмии Ҷаноби Олӣ санаҳои 17-18 августи соли 2018 ба Ӯзбекистон як сафаре буд, ки тамоми оламиёнро дар ҳайрат гузошт. Эҳтироме, ки ба Роҳбари давлати тоҷикон аз ҷониби халқ ва Президенти Ӯзбекистон шуд, дар таърихи башарият шабеҳе надорад.
Ҳар нафаре, ки рафти ин сафарро аз васоити ахбори умум мушоҳида мекард, албатта дар ҳаққи ин ду Роҳбар аҳсан мехонд. Баъди ин сафари дӯстона сокинони ҳар ду кишвар аз мардонагӣ, шуҷоат ва сиёсати одилонаи пешвоҳои миллати якдигар бо меҳр суханҳои самимӣ мегӯянд ва дастҷамъона дар ҳаққи ҳарду роҳбар ва халқҳои ҳарду кишвар дуои хайр мекунанд.