Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Балҷувон Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро ифтитоҳ намуданд
Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат нахустин муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Балҷувон аст, ки 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Таъсиси чунин муассиса дар ноҳияҳои дурдаст, ки аз лиҳози барномаҳои таълимӣ, кадрҳои соҳибтахассус, имтиёз ба хонандагон ва шароиту инфрасохтор бартарӣ дорад, бозгӯ аз зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доштани соҳаи маориф ва илм мебошад.
Иншоот дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди зеҳну тафаккури хонандагон бо панҷ бинои мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст.
Дар 32 синфхонаи муҷаҳҳаз имкон аст, ки 1520 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шаванд.
Синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба дарёфти адабиёти гуногун ва омӯзиши илмҳои замони муосир мусоидат мекунад.
Барои аз худ кардани илмҳои дақиқ синфхонаҳои химия, биология ва физика бо муҳимтарин дастгоҳу лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд, ки ин дар омӯзиши назариявӣ ва амалии хонандагон нақши муассир мегузорад.
Тавре таъкид гардид, ҳадафи давлату ҳукумат аз фароҳам овардани чунин шароит омода кардани кадрҳои дорои донишу малакаи баланд аст, ки оянда тавонанд дар идораи умури давлатӣ ва Ватани азиз саҳмгузор шаванд. Зарурати истифодаи босамар аз ин дастгоҳу таҷҳизоти навтарин бо ташкилу баргузории дарсҳои амалӣ бештар таъкид гардид.
Синфхонаҳои таълими меҳнат, маҷлисгоҳ бо 180 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо, ҷалби хонандагон ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол заминаҳои воқеӣ мегузорад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти боз як муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Балҷувон ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия аз ҷониби соҳибкор Рустам Муъминов сохта шудааст.
Бо мунтазам зиёд шудани шумораи хонандагон раванди таълим дар бинои қаблии дорои шаш синфхонаи садамавӣ мушкил шуда буд.
Ҳамовозии шахсони ватандӯст бо сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат боис шуд, ки ин мушкили ҷиддии аҳолии деҳа бартараф гардад.
Бинои нави муассиса бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ ва бо тарҳи муосир сохта шудааст.
Шумораи хонандагон дар маҷмуъ 370 нафарро ташкил медиҳад, вале бо дар назар доштани зиёдшавии аҳолӣ, 16 синфхонаи муҷаҳҳаз барои ба таҳсил фаро гирифтани 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва майдончаи варзишӣ имкони мусоид барои омӯзиши фанҳои гуногун ва ҳам машғул шудан бо тарбияи ҷисмонию варзиш фароҳам овардаанд.
Дар асоси дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар ноҳияи Балҷувон бо сару либоси ягонаи мактабӣ таъмин карда шуданд. Ин иқдом бозгӯ аз ғамхории Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва талошҳои пайваста барои боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад.