4-голи беҷавоби футболбозони тоҷик ба дарвозаи Мянмар

Имрӯз, 15-уми июн дар шаҳри Сеули Ҷопон бозии охирини марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Мянмар баргузор шуд. Дар ин вохӯрии бисёр муҳим шогирдони Усмон Тошев бо натиҷаи 4:0 дастболо шуданд. Голҳоро Комрон Турсунов, Манучеҳр Ҷалилов, Шериддин Бобоев ва Шаҳром Самиев ба самар расониданд. Ногуфта намонад, ки дар ин бозӣ пирӯзӣ барои тими миллии мо чун обу ҳаво зарур буд. Рақобати  дигари гурӯҳи “Ғ” байни тимҳои миллии Ҷопон ва Қирғизистон бо натиҷаи калони 5:1 ба фоидаи Ҷопон хотима ёфт. Акнун баъди ин бозӣ Ҷопон бо касби 24 хол дар зинаи якум ва тими миллии мо бо доштани 13 имтиёз дар зинаи дуюм қарор доранд. Ҳоло роҳ ёфтани мунтахаби мо ба марҳилаи сеюми Ҷоми ҷаҳон-2022 аз натиҷаи бозиҳои дигар гурӯҳ вобастагӣ дорад. Умед мебандем, ки мунтахаби мо аввалин бор дар таърихаш ба даври сеюми интихобии ҶҶ-2022 ва Чемпионати Осиё роҳ пайдо мекунад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE