Ҳамкории табибони Тоҷикистон ва Эрон дар самти истеҳсоли дорусозӣ ва молҳои тиббӣ густариш меёбад

Намояндагони 5 ширкати  дорусозии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши таҷрибаи дорусозӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд. Дар ин бора дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи асосии ​ сафари намояндагони Тоҷикистон- ин пеш аз ҳама, шиносоӣ пайдо намудан бо истеҳсолкунандагони маводи доруворӣ ва молҳои тиббии Эрон, боздид аз майдончаҳои истеҳсоли онҳо, густариш ва тақвияти ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии ду мамлакат, дар ин замина афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни ду давлат ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.

Дар доираи сафар миёни Тоҷикистон ва Эрон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи дорусозӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳамкории табибони Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯз то рӯз  густариш меёбад. Дар назар аст, ки ҳамкорӣ дар бахши дорусозӣ ва таҷҳизоти тиббӣ низ идома пайдо кунад.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди саноати дорусозиро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин унвон карданд.

«Бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зарур аст, ки якҷо бо дигар сохтору мақомот ва бо ҷалби сармояи мустақим таъсис додан ва ба кор андохтани корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дорувориро таъмин намоянд», — дастур доданд Сарвари давлат зимни ироаи Паём.

Дар Тоҷикистон соли 2022 дар 55 корхонаи дорусозӣ 540 номгӯй доруворӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли 2021 се баробар зиёд мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE