ДАР ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАЪВАТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ШУД

Вобаста ба татбиқи амалии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, чанде қабл дар Вазорати мудофиа бо иштироки муовини сарвазири мамлакат-раиси комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва Ситоди генералӣ, сарпрокурори ҳарбӣ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулини мақомоти давлатии даъват, ҷаласаи комиссияи даъватии ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Зимни баргузории ҷамъомади мазкур, иштирокчиёни он вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мудофиаи давлат ва чорабиниҳо оид ба ташкил ва иҷрои босифати даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, як қатор масъалаҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа даъвати баҳории соли равон мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор гирифта, вобаста ба монеаву мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъвати шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карда шуд. Аз ин рӯ, бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо ва ҷиҳати сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳа роҳандозӣ карда шавад, то ки беҳтаринҳо ва пеш аз ҳама нафарони рӯҳану ҷисман солим ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Хамин тавр, дар қисмати охири ҷамъомад иштирокчёни он ҷиҳати дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ-ҷамъиятӣ бо супоришҳои мушаххас вазифадор гардиданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE