Тоҷикистон ва Қатар муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ карданд

Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои гуногун дирӯз зимни мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Иброҳим ал-Абдуллоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди ҷалби сармояи Қатар ба соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, маориф, нақлиёт, инчунин ҷалби сайёҳон аз Қатар ба Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайн бо дарназардошти паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 табодули афкор намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE