Дар ВКХ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” брифинг баргузор мешавад

14 марти соли 2024 соати 11:00 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг вобаста ба омодагӣ ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”  баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар брифинг намояндагони ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ иштирок карда метавонанд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар доираи ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим моҳи июн дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Дар конфронс иштироки роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои бархе аз давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE