Дастурҳои Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дар робита ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19
Сохторҳои тандурустии шаҳри Душанбе вазифадор гардиданд, ки маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳрро бар зиддӣ бемории сироятии COVID-19 пурзӯр намуда, барои омодагӣ ва таъминоти беморхонаҳо бо доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ тадбирҳои муассир андешанд. Ҳамчунин сохторҳои дахлдори шаҳр муваззаф гардиданд, ки дар ҳаммоҳангӣ ҷиҳати аз ташхис гузаронидан ва ба карантин фаро гирифтани шахсоне, ки аз хориҷа ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, чораҳои амалӣ андешида, дар ҳамкорӣ бо корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли маводҳои безараргардониву беҳдоштиро афзун намоянд.
Ин дастуру супоришҳоро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 23 июн дар ҷаласаи корӣ, ки ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 бо иштироки муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, сохторҳои дахлдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, инчунин роҳбарони аввали бархе аз мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ доир гардид, доданд.
Тавре сардори шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Олимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласа масъалаи иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вазъи имрӯзаи пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 дар пойтахт, пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ барои пешгирӣ аз ин беморӣ, махсусан эмгузаронии сокинони пойтахт, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ, назорати қатъии риояи қойидаҳои беҳдоштӣ ва корҳои безараргардонӣ дар шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони сохтору ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки бо ба роҳ мондани гардиши хона ба хона баҳри амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва эмгузаронӣ миёни сокинону меҳмонони пойтахт, бахусус дар муассисаҳои томактабӣ, тандурустӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, театр, кинотеатр, марказҳои савдо, бозорҳои истеъмолӣ, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷаъмиятӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо чораҳои қатъиро амалӣ намуда, баҳри риояи меъёрҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва чораҳои безараргардонӣ тадбирҳои судманд андешанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки аз роҳбароини тамоми нуқтаҳои хизматрасонӣ риояи меъёрҳои беҳдоштиро қатъиян назорат намоянд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориш доданд, ки бо мақсади иҷрои саривақтии корҳо, дар назди Раёсати тандурустии шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис дода, аз натиҷаи иҷрои корҳо дар ин самт ҳамарӯза ба Раиси шаҳр ахборот манзур намоянд.