Тадбирҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони “Наҷоти сайёр” дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоии тобеъи ҷумҳурӣ оғоз ёфт
Имрӯз, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони “Наҷоти сайёр” барои пешгирии ғарқшавӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру навоии тобеъи ҷумҳурӣ ташкил гардид. Иқдом то 12 июл идома меёбад ва дар доираи он гурӯҳҳои таблиғотӣ дар маҳалҳо, махсусан дар минтақаҳои оббозӣ, бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳанд. Мутахассисон шаҳрвандонро оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар об, расонидани ёрии аввал ва истифодаи воситаҳои наҷот омӯзиш медиҳанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари ҳолатҳои ғарқшавӣ бинобар нодида гирифтани қоидаҳои эҳтиётӣ ва шиноварии кӯдакон бе назорати калонсолон рух медиҳанд. Аз ин рӯ, чорабинии мазкур аҳамияти махсус дошта, ба боло бурдани сатҳи огоҳии аҳолӣ равона шудааст.
Мавриди ба зикр аст ки гурӯҳи кории вобасташуда фаъолиятро аз шаҳри Ҳисор оғоз карданд .
Шарофиддин Каримов
Садои Душанбе