Хатлон: Қадрдонии ғолибони Озмуни «Ободгари Ватан»
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон як зумра соҳибкорони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар бунёди бино ва иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд, аз тарафи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷоизаи “Ободгари Ватан” ва «Сипоснома»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.
Самизода Фарух — барои бунёди “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-и 7-ошёна дар деҳаи Хуррамзамин Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара, Салимов Ромиш- барои бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ” дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара, Саидзода Раҳимҷон-барои бунёди муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии “Нури тиб” дар деҳаи Ғиҷоваки Ҷамоати деҳоти Пушинг ноҳияи Данғара, Тилабов Хуҷаназар- барои бунёди Толори варзишии 2 — ошёна ва майдончаи варзишии универсалӣ дар деҳаи Нурбахши Ҷамоати деҳоти Лолазор ноҳияи Данғара, Раҳимов Алишер-барои бунёди маркази савдою изматрасонӣ ва коргоҳи дузандагӣ дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб, Ханаев Тоир — барои бунёди тавалудхона барои 10 кат, майдончаи варзишӣ ва 2 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №61-и деҳаи Ваҳдати шаҳраки Ҳаёти нави ноҳияи Ёвон, Давлатов Гулмаҳмад-барои бунёди сехи дузандагӣ, майдончаи варзиши сартарошхона, кошонаи ҳусн, дорухона ва дукони гӯштфурушӣ дар Ҷамоати деҳоти Заргар ноҳияи Кӯшониён, Атовуллоев Мустафо-барои бунёди меҳмонхона, қаҳвахона, толори саққобозӣ, маркази дилхушии кӯдакона, маркази хизматрасонии техникӣ ва мағоза дар Ҷамоа ти Золи Зари ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, Нозимов Олимхӯҷа-барои бунёди маркази савдо ва меҳмонхона дар Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус ноҳияи Шаҳритус, Назриев Шаҳриёр-барои бунёди хонамӯзеи устод Ҷурабек Назриев дар ноҳияи Ховалинг, Қосимов Фурқат-барои мумфарш намудани роҳи маҳаллаи Ғайрат ва саҳми арзанда дар корҳои ободонию созандагии шаҳри Бохтар бо ҷоизаи “Ободгари Ватан” ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.