Репсаро «Navik-MC» ҳабси маъмурӣ шуд
Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе нашр гардид, ки дар он як ҳолати бетартибӣ ва кирдори дағалонаи зиддиҷамъиятӣ, қасди аз ҷояш баркандани таҷҳизоти худкори бонкӣ аз ҷониби як нафар ҷавони 20-25 сола дида мешуд. Зимнан корбарону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз милитсияи шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки ҳодисаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбат ба ин кирдори ғайриахлоқӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад. Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони дар навор инъикосёфтаро муайяну дастгир ва ба мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дастрас намуданд.
Муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Валиев Наврӯз Шарифович, соли таваллудаш 14.03.1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд, репсаро бо тахаллуси “Navik-MC” мебошад. Зимни санҷиши ҳодиса номбурда иброз дошт, ки 25 июни соли равон, тақрибан соати 16:00 дақиқа бо мақсади гирифтани маблағ ба нуқтаи дастгоҳи худкори бонкӣ (бонкамат), ки ба ширкати «Душанбе Ситӣ» тааллуқ дорад, рафтаааст. Ӯ корти худро ба «бонкамат» ворид сохтааст, ки бо сабаби нуқсони техникӣ доштани дастгоҳ маблағ гирифта наметавонад. Номбурда аз ин ҳолат асабонӣ шуда, бо вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгоҳи худкори бонкиро аз ҷои насбшуда барканданӣ шуда, якчанд маротиба ба дастгоҳ зарба мезанад.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба Валиев Наврӯз тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суд ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъйин карда шуд.