Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Ашимбаев Маулен Сагатханули

12 июл Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ашимбаев Маулен Сагатханули суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни суҳбат роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат ҷанбаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон ва масъалаҳои минтақавиро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин муайянсозии самтҳои афзалиятноки рушди муносибатҳои бисёрсолаи дӯстона изҳор доштанд.

Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо ҳамдигар шарикони боэътимоди стратегӣ маҳсуб ёфта, муколамаи мунтазаму боварибахши сарони ду кишвар барои тавсеаи муносибатҳои амалии дуҷониба ва такмили асосҳои ҳуқуқии он мусоидат менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар пасманзари пандемияи КОВИД-19 ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Аз ҷумла, вазъи ҳарбию сиёсӣ ва ҳолати ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE