Баррасии дастовардҳои ноҳияи Тоҷикобод дар радиои “Садои Душанбе”
Тоҷикобод яке аз навоҳии кӯҳистони кишвар ба ҳисоб меравад. Он дар водии Рашт ҷойгир буда, бо ноҳияҳои Рашту Лахш ҳамсарҳад аст ва чун ноҳияи куҳистон асту кишоварзӣ соҳаи асосии хоҷагии халқи ноҳия мебошад, барои рушди соҳаи кишоварзӣ шароити хуби иқлимиву табиӣ дорад. Махсусан барои парвариши картошка, боғдорӣ ва чорводорӣ хеле мувофиқ аст. Ҳамин нуктаро бояд таъкид кард, ки айни ҳол дар ин ноҳия барои таъмини аҳолӣ бо меваю картошка майдони зиёди боғ ва кишти картошка вуҷуд дорад, ки аз он деҳқонони ноҳия ҳосили хуб мегиранд.
Дар ноҳияи Точикобод то ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ биноҳои истеҳсолию тиҷоратӣ, фарҳангӣ, таълимиву тандурустӣ ва истиқоматӣ ва ғайра мавриди истифода қарор гирифта ба ҳусни ноҳия ҳусни тоза зам мекунанд. Махсусан, тайи даҳсолаи охир бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия биноҳои гуногуни маъмуриву иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки бевосита симои ноҳияро ба кулӣ тағир доданд. Вақте дар маркази ноҳия гаштугузор мекунӣ тағироти кулиро эҳсосо менамоӣ. Асосан ҷашну маросимҳои миллӣ ва давлатиро бо корҳои созандагиву ободкорӣ ва дастовардҳои хуби меҳнатӣ истиқбол мегиранд. Аҳли заҳмати ноҳияи Тоҷикобод дар даврони соҳибистиқлолӣ ба кадом дастовард ноил гардиданду 30 солагии Истиқлоли давлатии кишварро чӣ гуна ва бо кадом дастовезҳо пешвоз мегиранд? Посухи ин суолҳоро дар суҳбати Рамазонзода Зулфиқор, муовини якуми раиси ноҳияи Тоҷикобод ва Нозим Носиров, мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Тоҷикобод бо Сангиной Тиллозода, муҳаррири варзидаи шабакаи “Садои Душанбе” дар барномаи навбатии “Ватандорӣ зи имон аст”, имрӯз – 13.07.2021, соати 09:10 ва такрори онро шоми имрӯз, соати 21:00 аз радиои “Садои Душанбе” шунавед.
“Садои Душанбе” – паёмрасоне аз қалби пойтахт!
Сангиной ТИЛЛОЗОДА,
“Садои Душанбе”