Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СШҲ

12 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе қарор дорад, вохӯрӣ намуд. 

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи Созмон табодули афкор намуда, раванди омодагӣ ба баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ-ро, ки 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE