Мулоқоти Пешвои миллат бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И
13 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чаҳорчуби муносиботи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон ва Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ ва ҳамсоягони наздик мебошанд ва мо манфиатдорем, ки муносибатҳои наздики боэътимоди байни кишварҳоямон дар ҳама шаклҳо минбаъд амиқтар карда шаванд”.
Ҷонибҳо аз сатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, роҳҳои рушду густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ, ба роҳ мондани содироти молҳои Тоҷикистон, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ, ба бозорҳои Чинро, муҳокима намуданд.
Ба ҷониби Чин барои дар давраи пандемия ҷудо кардани 300 ҳазор воя ваксина ба хотири пешгирӣ ва аз байн бурдани бемории сироятии короновирус изҳори сипос карда шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчуби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкори Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, инчунин дигар ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷонибҳо ба масъалаи муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳо бар зидди терроризм ва экстремизм, сепаратизм, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар таҳдидҳои амниятӣ, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Зимни баррасии масъалаҳои умдаи минтақавӣ ҷонибҳо ба вазъи имрӯзаи сиёсиву низомии Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.