Оғози сафари расмии Ван И ба Тоҷикистон
13 июл сафари расмии дурӯзаи узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Вазири корҳои хориҷии Чин Ван Иро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқоте, ки байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин баргузор шуд, амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишвар, вазъи Афғонистон ва амнияти минтақавӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимнан вазирон перомуни масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, СҲШ ва МҲТЭО мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ тавофуқ ҳосил шуд, ки ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва тандурустӣ, инчунин дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии Ковид-19 тақвият медиҳанд.
Дар фарҷоми мулоқот санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд. 14 июл Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар нишасти навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ва нахустин нишасти Гурӯҳи тамоси СҲШ-Афғонистон дар сатҳи вазирон иштирок мекунад.