Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Вена таҷлил гардид

Бо ташаббуси маҷаллаи дипломатии «Society Magazin» дар ҳамкорӣ бо намояндагиҳои дипломатии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Ироқ, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эрон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса дар шаҳри Вена таҷлил гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни маърака кишварҳои иштирокдор гӯшаи фарҳангиашонро оро доданд, ки дар қатори онҳо гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хӯроку шириниҳои лазизи наврӯзӣ, ҳафтсину ҳафтшин, ҳунарҳои дастии қадимии мардумӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ омода шуда буд.

Дар таҷлили наврӯзӣ намояндагони вазорату идораҳои кишвари иқомат, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳайати дипломатии муқими Вена иштирок доштанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE