ШӮРОИ УЛАМОИ ТОҶИКИСТОН: Аз идгардак худдорӣ намоед!

Бо назардошти вазъи эпидемиологии мамлакат Шӯрои уламои Тоҷикистон зимни як муроҷиатнома аз  калонсолону кўдакон хоҳиш намудааст, ки  хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардак худдорӣ намоянд.

«Одатан дар рӯзҳои ид мардум, хусусан кӯдакон ба идгардак мебароянд. Бояд донист, ки аз сабаби хона ба хона гаштани хурдсолон дар рӯзи ид хатари сироятёбӣ ва сирояткунонии дигаронро ба маротиб меафзояд»,- омадааст дар муроҷиатнома.

Ҳамчунин дар муроҷиатнома зикр шудааст, ки «шахсоне, ки ба масҷид меоянд, ҳатман бояд ниқоб дошта бошанд, аз маҳлулҳои безараргардонанда истифода намуда, дастпӯшак пӯшанд ва ҳатман масофаи иҷтимоиро риоя кунанд. Дар минтақаи берун аз масҷид, яъне ҷойҳое, ки безарар гардонида нашудаанд, хондани намоз қатъиян манъ аст. Аз ходимони масҷид тақозо мегардад, ки барои таъмини муҳити безарар тамоми тадбирҳои заруриро андешида, риояи онро аз ҷониби намозгузорон қотеъона талаб намоянд.  Вобаста ба аҳкоми рӯзи ид таъкид менамоем, ки дар ин рӯз одамони зиёд барои хондани намози ид ба масҷидҳо ҳозир мешаванд. Тавсия дода мешавад, ки одамон ба масҷидҳои марказӣ ҳозир нашуда, намози идро дар масҷидҳои назди хонаашон адо намоянд. Дар намози ид ҳам мисли намозҳои ҷамоат бояд қоидаҳои беҳдошт ҳатман риоя карда шаванд».

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE