Темур Раҳимов ба даври 1/8-финали Бозиҳои олимпӣ роҳ ёфт

Имрӯз дар 32-юмин Бозиҳои олимпӣ мусобиқа оид ба намуди дзюдо дар вазни +100кг миёни мардон оғоз гардид. Тоҷикистонро дар ин вазн Темур Раҳимов намояндагӣ дорад. Дар ин бора аз Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳанд.

Дар даври аввал варзишгари мо бо дзюдочии кишвари Куба — Энди Гранда қувваозмоӣ намуд.  Дар ин сабқат Темур бар рақибаш пирӯз шуда, ба даври 1/8-финал роҳ ёфт. Акнун дар даври мазкур Темур Раҳимов бо намояндаи Гурҷистон — Гурам Тушишвили вориди майдони набард мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE