Ҳузури низомиёни ИМА дар Афғонистон то ба 6 ҳазор нафар афзоиш меёбад
Шумораи сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон дар тӯли 48 соат ба 6000 нафар расонида мешавад, ки вазифаи ягонаашон мусоидат ба интиқоли амрикоиҳо ва афғонҳоест, ки ба онҳо кумак мекарданд, мо ҳамчунин идораи ҳаракати ҳавоиро ба дӯши худ мегирем. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дар изҳороти муштараки Департаменти давлатӣ ва Пентагон, ки рӯзи якшанбе интишор шудааст, гуфта мешавад.
«Дар тӯли 48 соати оянда ҳузури амниятии мо тақрибан бо 6000 сарбоз афзоиш хоҳад ёфт, ки вазифаи онҳо танҳо мусоидат ба ин талошҳост- интиқоли амрикоиҳо ва афғонҳое, ки ба онҳо кумак кардаанд ва мо инчунин идораи ҳаракати ҳавоиро ба уҳда мегирем».
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзҳои наздик ҳазорон амрикоиҳо ва кормандони сафорати худро, ки аз миёни сокинони маҳаллии Афғонистон киро шудаанд, берун мебароранд. Онҳо инчунин ба интиқоли ҳазорон нафар афғонҳое, ки ба артиши Амрико кумак кардаанд, суръат мебахшанд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико масъулияти пурраи назорати ҳаракати ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Кобулро бар дӯш хоҳанд гирифт.