Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2021» ба Панҷакент рафт

15 август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ- «Андалеб-2021» ҷамъбаст гардид, ки Шоҳҷоизаи фестивалро ҳунармандони шаҳри Панҷакент ба даст оварданд. Ҷои якум насиби ҳунармандони ноҳияи Восеъ, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Ҳисор, ҷои дуюм аз ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ёвон ва ҷои сеюм насиби ҳунармандони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Тоҷикобод, Рашт ва Муъминобод гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фестивал Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини вазир Давлат Сафарзода, ҳайати ҳакамон, мутасаддиён ва ҳаводорону ҳунармандон иштирок намуданд. Барои иштироки фаъолона дар тарғиби фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ якчанд нафар ҳунармандон, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсатҳо, шуъба, бахшҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, масъулин ва ташаббускорон бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ- «Андалеб-2021» аз 3 то 13 август дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор гардид.

Дар он номинаҳои беҳтарин бо иштироки ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуданд.

Дар номинаҳои суруди ҳамсароён- ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, рақси якка- ҳунарманди ноҳияи Хуросон, бадеҳа- ҳаваскорони шаҳри Турсунзода, навозиши якка- ҳунармандони ноҳияи Варзоб, саҳначаи ҳаҷвӣ- ҳаваскорони ноҳияи Рӯдакӣ, суруди анъанавӣ- ҳунарманди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, намоиши сару либоси миллӣ- ҳунармандони шаҳри Панҷакент, порча аз анъанаҳои мардумӣ- ҳаваскорони ноҳияи Рашт, суруди якка- ҳунармандони ноҳияи Ҷаббор Расулов, суитаи овозию рақсӣ- ҳунармандони шаҳри Панҷакент баромад намуданд.

Фестивали имсола ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бештари суруду оҳангҳо тараннумгари Тоҷикистон, истиқлол ва модару ватан буданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE