Бавария маротибаи 9-ум Суперҷоми Олмонро ба даст овард

Дар бозии Суперҷоми Олмон-2021 дастаҳои “Боруссия” аз Дортмунд ва “Бавария” аз Мюнхен сабқат намуданд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Сигнал Идуна Парк» баргузор шуда, бо натиҷаи 3:1 ба фоидаи мюнхениҳо хотима ёфт. Рақобати дастаҳо зебо оғоз шуда, дар анҷоми қисми аввали бозӣ муҳоҷими лаҳистонии “Бавария” Роберт Левандовски ҳисобро боз кард. Пас аз 8 дақиқа футболбози дигари меҳмонон Томас Мюллер натиҷаро 2:0 кард. Дар дақиқаи 64-ум бошад, Марко Ройс аз “Боруссия” ба задани гол даст ёфт. Ин охири кор набуд, зеро дар дақиқаи 74-ум боз Роберт Левандовски гол ба самар расонида, дастаашро барандаи Суперҷоми Олмон гардонид. Ҳамин тавр дастаи “Бавария” маротибаи 9-ум барандаи Суперҷоми Олмон гардид.

varzishtv.tj

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE