Дар шаҳри Хуҷанд аввалин филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
16 август Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аввалин филиали худро ифтитоҳ намуд. Дар ин бора аз шуъбаи матбуот ва рекламаи КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зимни маросими ифтитоҳи бинои филиали бонк Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони раёсат иштирок намуданд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки дар муддати як соли фаъолият роҳбарияти «Саноатсодиротбонк» якчанд пешниҳоди вилоятро ҷиҳати дастгирии бештари соҳибкорони минтақа пазируфтанд ва ҳамкорӣ бо ин бонки давлатӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Имрӯз бонк ҳамчун сармоягузори дохилӣ фаъолияти худро ба дастгирӣ намудани соҳибкорони истеҳсолии мамлакат равона намудааст ва соҳибкорони Суғд низ фаъолияти худро аз ҳисоби маблағҳои қарзии бонки мазкур ба роҳ мондаанд.
Меҳмонон ва иштирокчиён аз шароити кори филиали бонк дидан намуданд.
Дар филиали бонк 18 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд, ки қисмати зиёдашон занҳо ба ҳисоб мераванд.
Раиси Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшо Бобозода зикр намуд, ки барои боз ҳам дар амал татбиқ намудани сиёсати Пешвои муаззами миллат ҷиҳати саҳм гузоштан ба ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар-саноатикунонии босуръат филиали бонк дар вилояти Суғд тамоми талоши худро равона мекунад. Инчунин «Саноатсодиротбонк» барои боз ҳам бештар дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ дар манотиқи гуногуни мамлакат, бахусус вилояти Суғд, ки яке минтақаҳои бузурги рушди саноат ва содирот дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, филиалҳои бонкии худро бештар менамояд. «Саноатсодиротбонк» то охири соли равон нақша дорад, ки дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ боз се филиал таъсис диҳад.
КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 дар заминаи Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст. Бонк 23 октябри соли 2020 соҳиби иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон гардида, баъди гирифтани иҷозатномаи БМТ фаъолияти худро дар мамлакат бо пешниҳоди тамоми хизматрасониҳои гуногуни бонкӣ миёни мизоҷон роҳандозӣ намуд.